"Духтаронро ба танфурӯшӣ бурд." Парвандаи як зан дар Суғд

Як зани танфурӯш. Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Суғд ба зидди як зани 42-сола бо иттиҳоми ба танфурушӣ маҷбур кардани духтарон парванда боз кардааст.

Мақомот ин сокини шаҳри Бустонро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо ваъдаи кори сердаромад ва аз роҳи фиреб занону духтаронро ба шаҳри Калугаи Русия бурда “ба танфурӯшӣ” ҷалб кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, занону духтароне, ки истисмори шаҳвонӣ шудаанд, гуфтаанд, онҳо бо умеди дарёфти кори хуб барои сафар ба Русия розӣ шуданд, аммо он ҷо санадҳояшонро аз дасташон гирифтанду онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур карданд.

Зани гумонбарро маъмурони милиса ҳангоми фиристодани гурӯҳе аз занону духтарон ба Русия дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздошт кардаанд. Назари наздикону вакили мудофеи зани боздоштшуда дар пайванд ба қазия маълум нест.

Додситонии вилояти Суғд бар зидди ин зан бо моддаи 130, яъне одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.