Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон миёни тимҳои занона гардид. Аз ин пеш футболбоздухтарони Душанбе солҳои 2018 ва 2020 ғолиб шуда буданд.
Имсол дар лигаи занонаи футболи тоҷик даҳ даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Каонибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва МДМВ (Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ)-и шаҳри Кӯлоб - иштирок намуданд.
Мусобиқот дар ду давра сурат гирифт, ки дастаҳо бо ҳам дар хона ва сафар бозӣ карданд.
«Зебонисо» дар ҳамаи 18 бозӣ пирӯз шуда, бо касби 54 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуд. Бозигарони даста ба дарвозаи рақибонашон 193 гол зада, аз дарвозаи худ танҳо се тӯб сар доданд.
Медалҳои нуқраи мусобиқот насиби дастаи «Хатлон»-и Бохтар (48 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷиро футболбоздухтарони дастаи «Суғд» (39 имтиёз) гирифтанд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот беҳтаринҳо бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ба Муниса Гулова («Зебонисо») супурда шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзанро Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки 68 гол задааст, соҳиб гардид.
Улҷамол Элмуродова аз дастаи «Бешкент» бо ҷоизаи «Бозёфти сол» сарфароз шуд. Зебо Гасимова («Зебонисо») беҳтарин мураббӣ ва Нодира Мирзоева аз Душанбе беҳтарин довари футболи занона эътироф гардиданд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари лига ба Сайёра Саидова («Зебонисо») супурда шуд.
Ҷадвали ҷамъдбастии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои занона
|
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
|
1 |
«Зебонисо» (Душанбе) |
18 |
18 |
0 |
0 |
193-3 |
54 |
|
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
18 |
16 |
0 |
2 |
178-8 |
48 |
|
3 |
«Суғд» (вилояти Суғд) |
18 |
13 |
0 |
5 |
112-38 |
39 |
|
4 |
«Бешкент» (Носири Хусрав) |
18 |
13 |
0 |
5 |
89-40 |
39 |
|
5 |
МДМВ (Кӯлоб) |
18 |
8 |
1 |
9 |
27-57 |
25 |
|
6 |
«Бунҷикат» (Шаҳристон) |
18 |
7 |
2 |
9 |
36-60 |
23 |
|
7 |
«Зебо» (Дӯстӣ) |
18 |
4 |
2 |
12 |
14-129 |
14 |
|
8 |
«Конибодом» (Конибодом) |
18 |
4 |
1 |
13 |
15-100 |
13 |
|
9 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
18 |
3 |
1 |
14 |
14-106 |
10 |
|
10 |
«Ситора» (Шаҳринав) |
18 |
0 |
1 |
17 |
4-141 |
1 |
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 68 тӯб, Сайёра Саидова («Зебонисо»), Мунаввар Назарқулова («Суғд») – 66-тӯбӣ, Зулайхо Сафарова («Хатлон») – 32 тӯб.