Зеленский аз мардум хост, ба норасоӣ ва қатъи барқ омода бошанд

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои Русия дар як ҳафтаи гузашта шаҳри Херсон ва 30 маҳалларо дар вилояти Херсон 258 маротиба аз тӯпхона оташборон кардаанд.

Ӯ ҳангоми муроҷиати видеоӣ дар шаби 28-уми ноябр аз мардуми кишвараш хост, бо сардтар шудани ҳаво ба қатъи барқу норасоии бештари он омода бошанд.

Нерӯҳои Русия аввали ҳамин моҳ аз соҳили ғарбии рӯдхонаи Днепр ақибнишинӣ карданд, вале тирборону ҳамлаҳо ба деҳаҳову шаҳри Херсонро аз соҳили муқобили Днепр идома медиҳанд.

Ҳукумати Украина ҳафтаи гузашта аз сокинони Херсон хост, ки шаҳрро тарк кунанд, то аз бомбаборон эмин монанд.

Владимир Зеленский гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳо истгоҳи тақсими об дар шаҳри Миколаев дар шимолуғарби Херсон осеб дидааст. Ба қавли вай, “ин кор ҷавҳари воқеии он рафиқонест, ки Русияро ба даст гирифтанд.”