Мақомоти Украина гуфтанд, таъмини обу гармӣ ва иртибототи телефонӣ дар шаҳри Киев тақрибан дар ҳамаи ҷойи шаҳр барқарор шудааст.
Айни замон ба қавли онҳо, мумкин аст, ба сабаби истифодаи зиёди якбораи нерӯи барқу гармӣ, мушкилот дар ин замина ба вуҷуд биёяд. Баъди ҳамлаву зарбаҳои сахти Русия ба шаҳри Киев садҳо ҳазор нафар дар ин пойтахти Украина бе нерӯи барқу гармӣ ва об монданд.
Идораи низомии ҳукумати Киев рӯзи 26-уми ноябр гуфт, аз байни 3 миллион нафар аз аҳолии шаҳр ҳануз 130 ҳазор нафари онҳо бо обу барқу гармӣ таъмин нестанд. Русия рӯзи 23-уми ноябр зербунёдҳои энергетикии Украина, аз ҷумла таъсисоти тақсимоти барқро сахт мушакборон кард ва садамаву зарари зиёде ба онҳо расонд.