Гуруҳи низомии “Турон” дар Украина аз худ дарак дод

Акс аз бойгонӣ

Дар Украина гурӯҳи низомие ба номи “Турон” аз худ дарак додааст, ки иддао дорад, туркзабонҳоро алайҳи таҷовузи Русия муттаҳид мекунад.

Онро Алмаз Қудабек, як зодаи Қирғизистон, раҳбарӣ дорад. Ӯ дар муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, зери номи амалиёти махсус Маскав туркзабонҳоро қатли ом мекунад.

Қулабек дар ин навор аз раҳбари Чеченистон талаб кард, ки барои рӯйпӯш кардани, ба гуфтаи вай, ҷиноятҳои худ дар Украина аз Қуръон истифода накунад.

Маълум нест, ки баталёни “Турон” аз чанд нафар иборат аст ва дар он зодаҳои кадом кишварҳо ҷамъ омадаанд. Алмаз Қудабек роҳбари баталёнро дар Қирғизистон аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба зидди ӯ барои иштирок дар ҷанги кишвари хориҷӣ парванда боз кардааст.

Алмаз Қудабек дар суҳбати видеоияш гуфт, мехоҳад, кишварашро аз чунин таҳдидҳо наҷот диҳад. Ӯ гуфтааст, Русия метавонад, ба Қазоқистону Қирғизистон ҳам ҳамла кунад ва бояд ба ин роҳ дода нашавад.