Занҳои дорои "ботокс"-ро дар Ишқобод ба ҳавопаймо роҳ надоданд

Фурудгоҳи Ишқобод (Ашхобод), маркази Туркманистон

Дар Туркманистон ба занҳое, ки "ботокс", мижжаҳо ва нохунҳои маснуӣ доштанд, иҷоза надоданд, ба Дубай парвоз кунанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод.

"Кормандони хадамоти муҳоҷират гуфтанд, ки дар ин бора аз "боло" фармон шудааст. Мегӯянд, "ботоксҳо"-ро аз лабҳоятон ва дигар ороишоти сунъиро бигиред , агар мехоҳед, сафар кунед. Шумо лабҳои сунъӣ доред, ҳатто барномаи компютерии шиносоии чеҳра шуморо ташхис дода наметавонад," - хабар дод бахши туркмании Радиои Озодӣ аз қавли як зани 40-сола, ки ба ӯ низ иҷозаи парвоз ба Дубайро надодаанд.

Баъди он ки Сардор Бердимуҳаммадов дар баҳори соли ҷорӣ сари қудрат омад, маҳдудиятҳо барои занони Туркманистон афзуд.

Занон дар он кишвар аз ҳаққи истифодаи ороиши мӯю рӯй, нохун, либосҳои нимаурён, ҷинс, рондани нақлиёт ва нишастан дар курсии пеши нақлиёт маҳрум шуданд. Дар Туркманистон амалан исқоти ҳамлро низ манъ карданд.