Мансабдорони Украина 23-юми ноябр хабар доданд, ки бар асари мушакборони Русия дар зоишгоҳи шаҳри ҷанубии Запорожйе як навзод ба ҳалокат расид.
Бархӯрдҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои шарқии Донестк ва Луҳански Украина шиддат гирифтааст.
Мақомдорони аз тарафи Кремл таъйиншудаи шаҳри Севастополи Қрим мегӯянд, ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ноҳияи Балаклаваро хунсо карданд.
Михайло Развозжаев гуфт, шоми 22-юми ноябр аснои наздикшавӣ ба корхонаи барқу гармидиҳандаи Севастопол ду ҳавопаймои бесарнишин сарнагун карда шуд.
Ӯ дар Телеграм афзудааст, дар амалиёти дигар Флоти Баҳри Сиёҳ ҳамлаи се ҳавопаймои бесарнишинро аз байн бурд. Низомиёни Украина дар бораи иин иттиҳом чизе нагуфтаанд.