Дар тирпаронӣ дар Амрико чанд кас ҷон бохт

Дар иёлати Вирҷинияи Амрико дар натиҷаи тирпаронӣ дар мағозае наздик ба 10 кас кушта ва чандин нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Бино ба иттилои пешакӣ, як корманди мағоза тир кушодааст. Вай баъди тирпаронӣ ва қатли чанд одам худкушӣ кардааст. Ҳодиса рӯзи сешанбе рӯй дод.

Дар маъмурияти мағозаи Walmart, ки ҳодиса онҷо сурат гирифт, гуфтанд, "аз ин фоҷиа "шокӣ" шуданд".

Бори аввал нест, ки дар шабакаи мағозаҳои Walmart тирпаронӣ сурат мегирад. Соли 2019 дар иёлати Техас дар мағозаи Walmart дар тирпаронӣ 23 кас кушта шуда буд.