Истифодаи антибиотикҳоро дар Тоҷикистону 13 кишвари дигар пурсидаанд

Акс аз бойгонӣ

Як назарпурсӣ дар 14 кишвари узви Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, маълум кардааст, ки ҳар шахси севум бе тавсияи пизишкон “антибиотик” истифода мекунад.

Аз се як нафари пурсидашуда дар ин кишварҳо гуфтаанд, ҳангоми беморӣ антибиотикҳои боқимондаро дар хона истифода мебаранд ва ё бе тавсияи духтур аз дорухона мегиранд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, назарпурсии мазкур дар Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ҳам гузаронда шуд. 50 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, бештар аз ҳама соли гузашта антибиотик истифода карданд. 61 дар сад фикр мекардаанд, ки антибиотикро мешавад зидди вирусҳо истифода бурд.

Муттахассисон таъкид кардаанд, ки истифодаи пайвастаи антибиотикҳои сахттаъсир ва гоҳе бидуни тавсияи табибон метавонад, пайомади нохуб дошта бошад.

Дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ солона 35 ҳазор нафар аз бемориҳое мефавтидаанд, ки ба антибиотикҳо муқовим шудаанд.