Иттиҳоди Аврупо барои рушди рақамисозии Қирғизистон 3 миллион евро медиҳад. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар бораи ҷудо кардани маблағ дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Айбек Молдоғозиев бо мудири кулли ҳамкориҳои байнулмилалии Кумисюни Аврупо Петерис Устубса тасмим гирифта шудааст.
Мақомоти Қирғизистон чанд соли охир пайваста хабар медиҳанд, ки ниҳодҳои давлатиро ба фаъолияти рақамӣ мегузаронанд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз ниҳодҳои давлатии он кишвар даъват кард, ки истифодаи коғазро кам ва табодули электронии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монанд.