Ҳалокати 162 кас. Заминларзаи маргбор дар Индонезия

Индонезия

Бар асари заминларзаи сахт дар Индонезия камаш 162 кас ба ҳалокат расида, садҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр рӯй дод.

Маъмурони наҷот талош доранд, ки мардумро аз зери вайронаҳо берун биоранд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар байни қурбониҳо донишҷӯёни мадрасаҳои исломӣ будаанд, ки аснои фурӯ рехтани бино дар дохили он қарор доштанд.

Маркази зилзилаи баробар ба 5,6 шаш дараҷа дар шаҳри Чиянҷир будааст. Як сокини ин шаҳр ба хабаргузориҳо гуфтааст, то ҳол сарнавишти шаш узви оилааш рӯшан нест.

Дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия, ки дар масофаи 75 километр аз маркази зилзила қарор дорад, таконҳои замин ба таври ҷиддӣ эҳсос шудааст.

Оҷонси миллии ҳолатҳои фавқулодаи Индонезия гузориш дод, ки дар натиҷаи зилзила 2200 манзили зист зиён дида, беш аз 5 ҳазор нафар ба тарки хонаҳошяшон маҷбур шуданд.