Туркия далели ҳамлаашро ба шимоли Сурия ва Ироқ гуфт

Хиёбони "Истиқлол"-и Истанбул, ҷои таркиши 13-уми ноябр

Нерӯҳои Туркия ба минтақаҳои шимолии Сурия ва Ироқ аз ҳаво ҳамла кардаанд.

Вазорати мудофиаи Туркия рӯзи 20-уми ноябр гуфт, гурӯҳҳои курдро нишон гирифтанд. Анкара онҳоро масъули бомбгузории ҳафтаи гузашта дар шаҳри Истанбул медонад.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба пойгоҳҳои Ҳизби Коргарии Курдистон ва Нерӯҳои Мусаллаҳи Мардумии Сурия зарба заданд.

Туркия дар оғози амалиёт ба ҳаққаш барои дифоъ аз худ ишора карда, банди 51-уми Оинномаи Созмони Милалро далел овардааст.

Рӯзи 13-уми ноябр бар асари таркиш дар Истанбул дастикам 6 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Туркия ин рӯйдодро "амали террористӣ" номиданд.

Туркия дар солҳои 2015-2017 саҳнаи чандин таркиши хунин тавассути ДОИШ ва гуруҳҳои мусаллаҳи дигар будааст.