Маъмурони амниятии Эрон боз се эътирозгарро куштанд

26 октябр, Курдистон. Садҳо нафар дар маросими хоксупории Маҳсо Аминӣ иштирок мекунанд

Як гурӯҳи ҳуқуқи башар гуфт, ки нирӯҳои амниятии Эрон дар амри саркӯби мавҷи нави эътирозҳое, ки баъди марги Маҳсо Аминӣ сар зад, рӯзи 19 ноябр дастикам се нафарро дар вилояти ғарбии Курдистон куштанд. Маҳсо Аминӣ, ки баъди боздошташ барои “бадҳиҷобӣ” рӯзи 16 сентябр дар идораи полис даргузашт, хашми ҳазорҳо сокини Эронро барангехт ва инак беш аз ду моҳ аст, ки режими Оятулло Хоманеӣ бо чолиши сангинтарин аз замони инқилоби исломии соли 1979 рӯбарӯ шудааст.

Созмони ҳуқуқи башари Эрон, ки дар Осло воқеъ аст, ҳисоб кардааст, ки дар саркӯбҳои мақомот аз миёнаҳои моҳи сентябр то кунун 342 нафар куштаву чандин нафар ба марг маҳкум шудаанд ва 15 ҳазор нафар дар боздошт қарор доранд. Масъулини ин созмон, ки ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқ дар минтақаҳои курднишинро назорат мекунанд, дар сӯҳбат бо Франс Пресс имрӯз гуфтанд, ки дар натиҷаи оташи алайҳи эътирозгарон дар шаҳраки Девондара “дастикам се мулкӣ кушта шуд”.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ки аз 31 вилояти Эрон мақомот дар 22 минтақа даст ба куштори эътирозгарон заданд. Ба ин омор инчунин 123 кушташуда дар Сиистону Балуҷистон ва 32 нафар дар Курдистон – зодгоҳи Маҳсо Аминӣ дохил мешаванд.