Як мақоми баландпояи Пентагон рӯзи 19 ноябр гуфт, афзоиши ҳамлаҳои мушакии Русия дар Украина барои тамом кардани захираҳои дифои ҳавоии Киев ва дар ниҳоят таъмини бартарии он дар фазои болои кишвар ба роҳ монда шудааст. Украина мегӯяд, ки зарбаҳо тақрибан нисфи системаи энержии Украинаро хароб карда, дар остонаи зимистон як фалокати эҳтимолии башардӯстонаро ба вуҷуд овардааст.
Колин Кал, мушовири аршади умури сиёсии Пентагон зимни сафараш ба Ховари Миёна ба хабарнигорон гуфт, ки Маскав инчунин умедвор аст, ки ҳифозати ҳавоии Украинаро аз байн мебарад, ки то ҳол ба бартарии низомии Русия дар фазои Украина монеъ мешавад.
Кал гуфт, "самти пешгирифтаи Русия барои пирӯзиро мо медонем ва мо ӯҳдадор ҳастем, ки нагузорем он кор диҳад ва Украинаро бо эҳтиёҷоти зарурӣ барои ҳифзи системаи дифои ҳавоиаш таъмин хоҳем кард".