Як ҷавонро барои куштани падараш 20 сол зиндонӣ кардаанд

Додгоҳи вилояти Хатлон як марди 37-соларо ба гумони қатли падараш ба 20 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми Муҳаммадҷон Исанқулов, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, моҳи сентябри имсол эълон шуда, Додситонии кул тафсилоташро 16-уми ноябр расонаӣ кард.

Ба иттилои ин ниҳод, писар дар ҳолати мастӣ бо болға ба сару рӯйи падараш Аваз Бӯстонов задааст.

“Даъвои ду нафар дар заминаи баҳси оилавӣ ва баъди он сар задааст, ки падар дар бораи ба хона баргардонидани келин ва набераҳояш суҳбат кардааст. Келин дар хонаи волидонаш будааст,” – омадааст дар эъломияи Додситонии кул.

Муҳаммадҷон Исанқуловро бар асоси қисми 2-и моддаи 104 ё одамкушӣ гунаҳкор донистаанд. Назари пайвандон ва ё вакили мудофеи ӯ ба ҳукм маълум нест.

Тайи моҳҳои охир хабари кушта шудани баъзе аз аъзои оила ба дасти якдигар ва ё ба худкушӣ расондани онҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд расонаӣ мешавад. Мақомот мегӯяд, аксаран муноқишаҳои оилавӣ сабаби чунин фоҷеаҳо мешавад. Ҷомеашиносон бекорӣ, муҳоҷирати дурудароз ва мушкили иқтисодиро сабаби аслӣ медонанд.