Раиси Федератсияи Байнулмилалии Футбол (FIFA) аз Русия ва Украина хост, дар замони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол оташбаси якмоҳа эълон кунанд.
Ҷанни Инфантино дар муроҷиаташ ба раҳбарони кишварҳои узви "Гурӯҳи 20" (G20) дар Индонезия ҳам гуфт, Ҷоми Ҷаҳонӣ василаи беҳтарини таҳкими сулҳ ва ҳамбастагӣ аст ва ин сабқатро тақрибан 5 миллиард кас тамошо хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" метавонанд, бо пешниҳоди ёрӣ ё долонҳои башардӯстона хоҳиши ӯро иҷро кунанд: "Шумо сарварони ҷаҳониед. Шумо имкон доред, ба ин ҷараёни таърихӣ таъсир гузоред."
Ҷоми Ҷаҳонии Футбол аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр дар Қатар баргузор хоҳад шуд. Ин сабқат дар пасманзари танқидҳои сахт аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар оғоз мешавад.
Дар пайи ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, ФИФА мунтахаби футболи Русияро аз рақобатҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ маҳрум кард. Роҳи варзишгарони рус ба чандин сабқатҳои дигари ҷаҳонӣ ҳам баста шуд.
Томас Бах, президенти Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ, гуфт, варзишгарон бояд на аз рӯйи мансубияти сиёсӣ, балки бо таваҷҷӯҳ ба дастовардҳои варзишиашон дар рақобатҳои ҷаҳонӣ ширкат кунанд.
Бах дар нишасти кишварҳои "Гурӯҳи 20" гуфт, агар тасмими ширкати варзишгарон дар мусобиқаҳо вобаста ба манфиати сиёсии кишварҳо гирифта шавад, “варзиши ҷаҳонӣ аз байн меравад”.