Дар чанде аз вилоятҳои Қазоқистон фаъолонро боздошт карданд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Нимаи дувуми рӯзи 15 ноябр дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон пулис корманди ширкати "Озенмунайгаз" Естай Карашаевро боздошт кард.

Додгоҳ ӯро бо айби вайрон кардани тартиби ташкил ва баргузории гирдиҳамоӣ 6 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.

Естай Карашаев дар соли 2011 яке аз фаъолоне буд, ки корпартоии чандмоҳаи нафткашони шаҳрро ташкил карда буданд. Он замон нафткашҳо афзоиши маошро талаб доштанд. Корпартоии онҳо аз сӯи мақомоти интизомии Қазоқистон саркӯб шуд, ки дар натиҷа 17 кас кушта ва бештар аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Хешовандони Карашаев гуфтанд, пулис ӯро ба хотири он боздошт кардаст, ки гӯё тавассути паёмрасони whatsApp корбаронро ба гирдиҳамоии рӯзи 20 ноябр даъват кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон нимаи дувуми рӯзи 15 ноябр фаъоли дигар Асет Абишев боздошт шуд.

Фаъолони дигари қазоқистонӣ Венера Жанбоева, Сандугаш Кантарбоев, Марат Жиланбоев, Марат Мусобоев ва Мерек Нуъмонова рӯзи 11 ноябр боздошт шуда буданд.