"Роскомнадзор" аз як сомона хост, ибораи "русҳои ғосиб"-ро бардорад

"Роскомнадзор"

Сомонаи қазоқистонии Аrbat.media рӯзи 14-уми ноябр хабар дод, ки Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилотӣ ва иртибототи ҷамъии Русия ё ба истилоҳ "Роскомнадзор" аз ин сомона шикоят кардааст.

"Роскомнадзор" аз сомона талаб кардааст, мақолаеро пок кунад, ки дар он дар бораи вазъи ҷанг дар Украина хабар дода шудааст.

Сомонаи мазкур мақолаеро таҳти унвони "Ғосибони русиягӣ дар вилояти Херсон шикаст мехӯранд, аммо намехоҳанд онро эътироф кунанд" нашр кард.

"Роскомнадзор" ба Аrbat.media хабар додааст, ки дар сурати пок накардани мақолаи мазкур дастрасӣ ба ин сомона дар ҳудуди Русия маҳдуд хоҳад шуд.

"Аввалан, ин барои мо ифтихор аст. Сониян, мо ба онҳо посух додем, ки ҳеч талаберо дар бораи поксозии мақола иҷро намекунем. Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки ба онҳо вожаи "ғосиб" писанд наомадааст", - гуфт сармуҳаррири сомонаи мазкур Сирим Иткулов.

Ин бори аввал нест, ки "Роскомнадзор" аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина аз расонаҳои қазоқистонӣ талаби поксозии ин ва ё он матлабро мекунад. Пештар аз ин борҳо чунин талаб нисбати расонаҳои қазоқистонӣ садо дода буд.