Созмони Милал: Шумораи аҳолии дунё ба 8 миллиард расид

Акс аз бойгонӣ

Бино ба ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид, шумораи аҳолии кураи Замин 15-уми ноябр ба 8 миллиард нафар расид. "Ин яке аз давраҳои муҳими рушди инсоният хоҳад буд”, - омадааст дар гузориши "World Population Prospects 2022".

Манбаъ афзудааст, барои расидани шумори аҳолии дунё аз 7 то ба 8 миллиард 12 сол лозим шуд.

Тибқи гузориш, шумораи аҳолии кураи Замин то соли 2030 ба 8,5 миллиард, дар соли 2050 ба 9,7 миллиард нафар мерасад.

Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол аз 10 миллион нафар гузашт.