Байден ва Си Ҷинпин буҳрони Украинаро баррасӣ карданд

Президенти Амрико Ҷо Байден ва роҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар мулоқот дар Индонезия ҷанги Русия алайҳи Украинаро баррасӣ карданд ва зидди истифодаи силоҳи ҳастаӣ баромаданд. Дар ин бора Кохи Сафед хабар дод. Дар эъломияи мазкур омадааст, ки мавзӯи ҷанги Русияро дар Украина Байден бардоштааст.

"Президент Байден ва роҳбари Чин гуфтанд, ки ҷанги ҳастаӣ ҳаргиз набояд шуруъ шавад ва дар он касе пирӯз нахоҳад шуд. Илова карданд, ки зидди истифода ва таҳдиди истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар Украина ҳастанд", - омадааст дар хабари Кохи Сафед.

Украина силоҳи ҳастаӣ надорад ва ин муроҷиати роҳбарони Амрико ва Чин пеш аз ҳама ба Русия нигаронида шудааст.

Дар хабари Кохи Сафед омадааст, ки ҷонибҳо мушкилоти мавҷудро дар муносибатҳои ду кишвар ошкоро баррасӣ карданд. Байден гуфтааст, Амрико бо Чин рақобат мекунад, аммо дар талоши ҷанг нест. Ӯ афзудааст, Вашингтон омодаи ҳамкорӣ бо Пекин дар мавзуъҳое чун тағйирёбии иқлим, амнияти ғизоӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳифзи сиҳатӣ ҳаст.

Гуфта мешавад, Байден мавзӯи риояи ҳуқуқи инсонро аз сӯи мақомоти Чин дар Шинҷон, Тибет ва Ҳонконг бардоштааст. Вай афзудааст, ИМА зидди вайрон кардани вазъи кунунии Тайван аст. Дар хабари Кохи Сафед ҳамчунин омадааст, Энтони Блинкен, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ба Чин сафар хоҳад кард.

Сӣ Ҷинпин пеш аз мулоқот бо Байден гуфтааст, ду кишвар бояд "самти дуруст"-и рушди ҳамкориҳоро пайдо кунанд, зеро дунё инро интизор аст.

Ин нахустин мулоқоти роҳбарони ду кишвар аз замони сари қудрат омадани Ҷо Байден дар Амрико аст. Ин мулоқот пеш аз оғози нишасти солонаи "Гуруҳи бист" (G20) баргузор шуд. Мулоқоти роҳбарони 20 кишвари дорои бузургтарин иқтисоди дунё дар Индонезия рӯзи 15-уми ноябр шуруъ мешавад.

Русияро дар ин саммит вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров намояндагӣ мекунад. Намояндагони кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, аз гуфтугӯ бо Лавров худдорӣ меварзанд.