Дар Русия қонунеро ислоҳ хоҳанд кард, ки ба шаҳрвандии он кишвар рабт дорад. Чизе, ки тоҷикон дар се даҳсолаи охир зиёд ба даст овардаанд ва онро як василаи кору зиндагии амн ва бархурдорӣ аз имтиёзҳо медонанд.
Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 13-уми ноябр навишт, бино ба ислоҳҳои нав, сокинонро барои бадгӯйӣ дар ҳаққи артиши Русия аз шаҳрвандии он кишвар маҳрум хоҳанд кард.
Ба гузориши ТАСС, Василий Пискарев, раиси як кумисюни Думаи давлатӣ, гуфтааст, "тағйирот ба лоиҳаи қонуни президентӣ дар бораи шаҳрвандӣ пешниҳод шуд."
"Тибқи он, шахс метавонад, барои даъват ба вайрон кардани тамомияти арзии кишвар ва кор бо созмонҳои ғайриҳукуматии номатлуб низ аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум карда шавад," – афзудааст ӯ.
Мақомоти Русия сабаби тасмимро нагуфтанд, аммо онро пас аз ҷалби нерӯҳои иловагӣ ба артиш ва шикоят аз набудани ҷою ғизову силоҳи хубу кофӣ пазируфтаанд.
Русия моҳи феврали имсол бедалал ба хоки Украина ҳамла кард ва аз он замон то ҳоло банди даргирист. Марк Милли, раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, зиёда аз 100 ҳазор сарбозу афсари Русия дар ҷанг бо Украина кушта ва ё захмӣ шудаанд.