Созмони Ҳуқуқи Башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, аз афзоиши шумори кушташудагон дар эътирозҳои Эрон ҳушдор дод ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки аз куштори бештар пешгирӣ кунанд.
Ин созмон рӯзи 12-уми ноябр гузориш дод, ки теъдоди кушташудаҳо ба 326 нафар расидааст. Тақрибан ҳафтод нафари онҳо занону кӯдакон будаанд.
Иттилои созмон баёнгари он аст, ки бештари кушташудаҳо дар вилоятҳои Сиистони Балучистон, маркази Теҳрон, Мозандарон, Курдистон ва Гелон ҳастанд.
Дар ин миён рӯзи шанбе, 12-уми ноябр, эътирози донишҷӯён дар чанд донишгоҳи Эрон идома ёфт.
Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, наворҳоеро ба даст овард, ки бинобар он, норозиён бо нидои “Марг бар диктатор” алайҳи ҳукумат шиор медиҳанд.
Намояндагони ҳукумати Эрон талош карданд, ривояти дигаре аз ин эътирозҳо дошта бошанд. Муовини раиси қувваи қазоияи Эрон шабакаҳои иҷтимоии амрикоиро муттаҳам кард, ки гуё барои таблиғоти зидди Ҷумҳурии Исломӣ “даҳҳо ҳазор ҳисоб (аккунт)-и дурӯғин кушодаанд”.
Аз тарафи дигар, садри аъзами Олмон дар паёме дар Твиттер гуфт, Аврупо бояд бастаҳои нави таҳримро алайҳи Сипоҳи посдорон ва мансабдорони Эрон ҷорӣ кунад.
Олаф Шолтс рӯзи 12-уми ноябр хитоб ба вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт: “Шумо чӣ гуна ҳукумате ҳастед, ки ба шаҳрвандони худ тир мезанед?”
Эътирозу нооромӣ дар Эрон зиёда аз панҷоҳ рӯз боз идома дорад. Ин эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Маҳсо Аминии 22-сола ба иттиҳоми “бадҳиҷобӣ” дастгир шуд ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт.
Пайвандони Маҳсо Аминӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки ӯ бар асари латукӯб ҷон бохтааст, вале мақомоти Эрон иддао доранд, ӯ бемор буд.