400 миллион доллар. Бастаи нави ёриҳои Амрико ба Украина

HIMARS

Вазорати дифои Амрико рӯзи 10-уми ноябр гуфт, ба Украина ба маблағи 400 миллион доллари дигар кумаки низомӣ мефиристанд.

Ин бастаи ёриҳо аз таҷҳизоти ҳарбӣ, аз ҷумла чаҳор системаи дифои ҳавоии Avenger, иборат хоҳад буд.

Мушовири амнияти миллии Амрико, Ҷейк Салливан, системаҳои дифои ҳавоиро барои Украина муҳим хонд.

Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “Русия бо истифода аз мушакҳои болдор ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба ҳамлааш ба зербиноҳои муҳими ғайринизомӣ идома медиҳад.”

Маҷмаи мушакии HIMARS, 100 Humvee ва 20 миллион тир бахши дигар аз бастаи нави ёриҳои Амрико ба Украина будааст.