Рӯзноманигорони Русия тарҳи "Самиздат"-ро ба роҳ мондаанд

Идораҳои "Проект", "Важные истории", The Insider, Bellingcat ва тими Алексей Навалний замимаи мобилии "Самиздат"-ро роҳандозӣ карданд, ки таҳқиқоти ин идораҳои рӯзноманигориро барои корбарон дар Русия бидуни филтршиканҳо дастрас хоҳанд буд.

Замимаро мешавад аз App Store ва Google Play дастрас кард.

"Мо замимаи ройгони мобилиро роҳандозӣ мекунем, ки аз бастану маҳдуд кардан дар амон мемонад ва имкон медиҳад, ки ҳамаи таҳқиқотҳои муҳимро бо забони русӣ пайдо намоед", - омадааст дар изҳороти идораҳои рӯзноманигорӣ.

"Буҳрони кунунӣ - дар таърихи рӯзноманигории Русия нахустин нест. Ҳолатҳое буданд, ки ояндаи ин касб рӯ ба нобудӣ оварда буд: дар даврони шӯравӣ одамонро зиндон мекарданд, 20 сол пеш мақомот телевизионҳоро ғасб карданд ва дар 10 соли охир расонаҳои чопиро мутеи худ гардониданд. Ҳамаи расонаҳои мустақили Русия бо таъқибҳо рӯ ба рӯ шуданд, аммо бештар аз ҳама рӯзноманигорони таҳқиқгар зиён диданд. Онҳо доғи "агенти хориҷӣ"-ро гирифтанд, "созмонҳои номақбул" эътироф шуданд, идораҳояшон кофтукоб гардид, нисбаташон парванда боз шуд ва сомонаҳояшон дар Русия дастнорас гардид", - омадааст дар изҳороти идораҳои мазкур.

"Ҳадафи ин ҳамлаҳо - маҳви рӯзноманигории таҳқиқотӣ дар Русия ва дастнорас кардани иттилоъ дар бораи фасодкорӣ ва бетартибии кишвар буд... Рӯзноманигории ростин ҳамеша роҳи ҳал пайдо кардааст. Мо бовар дорем, ки таъқибҳои кунунӣ моро қавӣ месозанд", - гуфтаанд таъсисдиҳандагони "Самиздат".

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, бо баҳонаи инъикоси нодурусти ҷанг бештар аз ҳафт ҳазор сомона, аз ҷумла сомонаҳои марбут ба Радиои Озодӣ дар Русия - Север.Реалии, Сибир.Реалии, Idel.Реалии, инчунин расонаҳои дигар, монанди телевизиони "Дождь" ва радиои "Эхо Москва","Медуза", DOXA ва "Медиазона" баста шуданд.