Бародари гумонбар ба ҳамлаи Белгородро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд

Фирӯз Аминов

Мақомоти Русия қарори ихроҷи Фирӯз Аминов, бародари Эҳсон Аминзода, гумонбари ҳамла дар тамрингоҳи Белгородро баровардаанд.

Аминови 26-сола як сол боз дар Маскав кор мекард.

Наздиконаш рӯзи 11-уми ноябр гуфтанд, ки санади будубошаш дар Русия "дуруст буд", аммо ду ҳафта пеш дастгир шуду ҳоло мунтазири ихроҷ ба Тоҷикистон аст.

Номи ин хонавода аз Тоҷикистон пас аз тирпаронии 15-уми октябр дар тамрингоҳи Белгород, ки дар онҷо нерӯҳои иловагиро ба артиши Русия нигоҳ медоштанд, расонаӣ шуд.

Расонаҳои Русия навиштанд, Эҳсон Аминзода (бародари Фирӯз Аминов) бо як ҳамроҳаш гуё зимни таҳқири эҳсосоти динӣ ба ҳамяроқон ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд. Мақомоти Русия ҷузъиёти ҳодисаро пинҳон мекунанд ва воқеияти он чизе, ки дар Белгород гузашт, норӯшан аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аъло мехонд", "шояд касе аз роҳ зад". Эҳсон Аминзода, "қаҳрамон"-и Белгород, кӣ буд? ВИДЕО

Фирӯз Аминов моҳи октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бародараш зоҳиран бо зӯр ба артиши Русия ҷалб шудааст, чун як ҳафта пеш аз ҳодиса нопадид гашта буд.

Ду нафар аз наздикони Фирӯз Аминов рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, худи ӯро ду ҳафта пеш бо панҷ нафари дигар боздошт карда, қарори ихроҷашонро аз Русия содир намудаанд.

Ба гуфтаи наздикон, ҳоло Фирӯз ва ҳамроҳонаш дар муассисаи муваққатии "Сахарово" ҳастанд ва мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон.

"Санадҳои ӯ дуруст буд ва ҳеч мушкил надошт. Патент дошт ва сабти ҷои иқоматаш ҳам дуруст буд. Пас аз кушта шудани бародараш чанд бор ба Додситонӣ даъват карданд. Баъдан, қарори ихроҷи ӯ ва панҷ дӯсташро содир карданд," -- гуфт яке аз пайвандонаш, ки нахост номашро нависем.

Шумораи телефони Фирӯз Аминов, ки тавассути он дар моҳи октябр бо Радиои Озодӣ суҳбат карда буд, дигар фаъол нест. Мақомоти Русия низ ин мавзуъро шарҳ надодаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эълонҳои пайиҳам дар бораи ҷавонони гумшудаи тоҷик дар Русия. Онҳо куҷо шуданд? ВИДЕО"Аъло мехонд", "шояд касе аз роҳ зад". Эҳсон Аминзода, "қаҳрамон"-и Белгород, кӣ буд? ВИДЕО"Ӯ террорист не, муҳоҷир буд, ки маҷбурӣ бурда шуд." Тоҷики кушташуда дар Белгород маълум шуд. ВИДЕОНоми тоҷики дигари кушташуда дар Белгород маълум шуд, вале...