Дар нишасти сарони кишварҳои туркӣ, ки рӯзҳои 10-11-уми ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад, раёсати ин созмон ба Узбекистон мегузарад.
Дар ин бора Раҳматулло Нуримбетов, сардори шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақаии Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми ноябр хабар додааст.
Ба иттилои ӯ, дар рӯзномаи нишаст масоили марбут ба тавсеаи равобити тиҷоратӣ, соддагардонии равандҳои марбут ба нақлиёт, хадамоти гумрук ва ташкили долонҳои иловагии нақлиётӣ ворид шудааст. Дар поёни нишаст қабули эъломияи Самарқанд дар назар аст.
Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, дар нишасти рӯзи 29-уми сентябр эълон дошт, ки Туркманистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмон пазируфта мешавад. Ӯ мушаххас нагуфт, ки оё ин мавзуъ ба рӯзномаи нишасти Самарқанд ворид мешавад ё на.
Созмони кишварҳои туркӣ моҳи октябри соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон (Шӯрои туркзабон) таъсис ёфта, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои он шуданд.
Узбекистон соли 2018 эълон кард, ки тасмим дорад ба созмони мазкур аъзо шавад ва баъди як сол дар нишасти Боку ба узвияти он пазируфта шуд. Маҷористон ва Туркманистон мақоми нозирро доранд.
Дар нишасти Истамбул, ки 12-уми ноябри соли 2021 баргузор шуд, номи Шӯрои туркзабон ба Созмони давлатҳои туркӣ тағйир дода шуд.