Имрон Хон аз пешниҳоди ҳукумати Покистон истиқбол кардааст

Имрон Хон рӯзи 3-уми ноябр дар ҷараёни тазоҳурот аз пояш захмӣ шуд

Имрон Хон, нахуствазири Покистон, рӯзи 6-уми ноябр аз пешниҳоди ҳукумат барои таъсиси кумиссиёне истиқбол кард, ки бояд ҳамлаву тирандозӣ ба ӯву тарафдоронашро таҳқиқ кунад.

Дар ин ҳамла дар ҷараёни тазоҳурот дар рӯзи 3-уми ноябр Имрон Хон аз пояш захмӣ шуд. Ӯ дар ин бора зимни суханроние суҳбат кард, ки аз дохили шифохонае дар шаҳри Лоҳур мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд. Имрон Хон дар ин шифохона муолиҷа мегирад.

Ҳамла ба нахуствазири пешини Покистон ҳангоми раҳпаймоии ӯ ва тарафдоронаш ба самти Исломобод сурат гирифт, ки мехоҳанд, дар кишвар интихоботи зудрас баргузор шавад. Ҳукумат гуфтааст, ки ҳамларо таҳқиқ мекунад.