Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) рӯзи 3-юми ноябр гуфт, коршиносони ин ниҳод ҳеч далелеро пайдо накарданд, ки сохтани бомбаи ба истилоҳ "ифлос"-ро дар иншооти Украина тасдиқ кунад.
Ба гуфтаи масъулони МАГАТЭ, коршиносон се иншооти Украина, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи ҳастаӣ дар Киев ва Корхонаи ҷанубии мошинсозиро дар Днепр аз назар гузарондаанд.
Ин бозрасӣ бо дархости фаврии Киев ва баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Русия гуфтанд, Украина барои таркондани як "бомбаи ифлос" дар қаламрави худ омодагӣ мегирад.
Маскав ҳамчунин иддао кард, ки раҳбарияти Украина қасд дорад, масъулияти истифодаи бомбаро бар дӯши Русия гузорад.
Украина ва кишварҳои ғарбӣ иддаои Маскавро дурӯғ хонданд. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ягона шахсе, ки метавонад дар бораи истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Аврупо фикр кунад, президенти Русия Владимир Путин аст.