Сомонаи расмии Сенати Маҷлиси олии Узбекистонро рӯзи 2-юми ноябр рахна кардаанд.
Хадамоти матбуотии Сенат иттилоъ дод, ки дар ҳолаи ҳозир барои барқарор кардани сомона чора меандешанд. Ҷузъиёти ҳамларо шарҳ надод.
Ҳамлаи ҳакерӣ ё рахнагарӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки як гуруҳи фаъолони узбек истеъфои раиси сенат Танзила Норбоеваро талаб мекунанд.
Танзила Норбоева рӯзи 28-уми октябри имсол бо нишони "Дӯстӣ"-и Русия қадрдонӣ шуд ва суханҳои ӯ ҳангоми гирифтани нишон аз дасти ҳамтои русаш Валентина Матвиенко миёни корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард.
Хабаргузории Senatinform.ru, ки фаъолияти Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русияро бозтоб мекунад, навиштааст, "раиси палатаи болоии порлумони Узбакистон дарёфти ин ҷоизаро “шарафи бузург” номида. Ба навиштаи сомона, Норбоева гуфтааст, "мехоҳам ба президенти Русия миннатдории самимии худро баён кунам. Мо сазовор будан ба ин нишонро ҳатман собит месозем."