Евгения Балтатарова, хабарнигор аз Бурятия, дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон боздошт шудааст.
Хабарнигор дар паёмрасони Телеграм навишт, ки ба зидди ӯ бар асоси банди "Паҳн кардани маълумоти дурӯғ дар бораи артиши Русия" 2 парванда кушодаанд.
Балтатароваро маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳангоми парвоз ба шаҳри Бишкек дастгир кардаанд. "Бурунрафти ман аз Қазоқистон маҳдуд шудааст. Маро ҳоло дастгир карда, ба боздоштгоҳ мебаранд", - навиштааст ӯ.
Рӯзноманигор ҳамчунин нусхаи санадеро нашр кард, ки дар он омадааст, Кумитаи тафтишотии Бурятия ӯро бар асоси қарори додгоҳ аз моҳи июл ҷустуҷӯ мекунад.
Тавре дар санад омадааст, Балтатарова барои бознашри навиштаи сиёсатмадор Максим Катс таҳти пайгард қарор гирифтааст “Чӣ даҳшат аст. Онҳо ба театри драмавии Мариупол бомбаи ҳавоӣ партофтанд ва дар онҷо бачаҳо пинҳон буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки чанд нафар кушта шудааст, аммо бубинед, ки пеш аз таркиш дар онҷо чӣ қадар кудакон буданд", - навишта буд Катз дар Твиттер.