Дмитрий Гордон, рӯзноманигори маъруфи украинӣ, мегӯяд, қудратталабиҳои Русия ва раҳбаронаш на танҳо ба дили украиниҳо, "балки ба дили ҳама кишварҳои собиқи Шӯравӣ задааст".
Вай рӯзи 31-уми октябр дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар Остона мисол овард.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар нишасти раҳбарони кишварҳои "Осиёи Марказӣ ва Русия" аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказиро "эҳтиром" кунад.
"Мо ба сармоягузории зиёде эҳтиёҷ надорем. Владимир Владимирович, хоҳиш, ки сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мисли замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ набошад," – афзуд ӯ.
Дмитрий Гордон мегӯяд, рафтори Эмомалӣ Раҳмон баёнгари рукуди нуфуз ва мақоми Русия ва раҳбарияташ аст. Вай афзуд, Русия дар ҷанги беасосаш зидди Украина низ собит кард, ки "як давлати сохтакоришуда аст".
"Ман комилан дарк мекунам, ки фашизми путинӣ на танҳо ба мо, украиниҳо, балки ба дили ҳамаи он собиқ шӯравиҳо задааст. Онҳо тамоми ин солҳо бузургманишӣ, шовинистӣ ва қудратталабии Русияро таҳаммул мекарданд," – илова кард ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дмитрий Гордон гуфтаи Раҳмон ба Путинро шарҳ дод
Рӯзноманигори украинӣ афзуд, "дар ҷаласаи Самарқанд ҳама раҳбарон ба мулоқот бо Путин дер карданд. Пеш худи Путин ҳамеша дер мекард. Вақте Раҳмон гап мезад, ба вокуниши Путин диққат кардам... лаб мегазид. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки гегемонияи Русия ба охир мерасад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гордон мегӯяд, бузургманишии Русия ба дили ҳама задааст
Дмитрий Гордон аз рӯзҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина аз дохили кишвараш барнома таҳия мекунад. Ӯ дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, корхонаи истеҳсоли дронҳои эрониро дар Тоҷикистон таҳқиқ кунанд.
Аз ин пеш дар як барномааш дар Ютуб иддао кард, ки Тоҷикистон ба тавлиди паҳподҳои Эрон мадад мекунад ва Русия бо истифода аз ин бесарнишинҳо шаҳру деҳаҳои Украинаро вайрон мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, “Душанбе дар тавлид ё истеҳсоли дронҳои Эрон даст надорад ва ба кишвари севум таҷҳизоти низомӣ намедиҳад”.