Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина гуфтанд, ки Русия рӯзи 2-юми ноябр бо дронҳои “худкуш” ба шарқ ва маркази Украина ҳамла кард.
Онҳо дар паёме дар Telegram навиштанд, 12 дронро аз байн бурданд. “Шаш дрон дар шарқ ва шаш дрони дигар дар маркази Украина сарнагун карда шуд,” – хабар доданд низомиён.
Русия ҳафтаҳо боз бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ва тӯпхона ба зерсохторҳои энергетикии Украина ва ҳадафҳои ғайринизомӣ ҳамла мекунад.
Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои Украина сарбозони Русияро дар баъзе аз минтақаҳо берун ронда, дар чанд гӯшаи дигар ба ақибнишинӣ водор кардаанд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, рӯзи 2-юми ноябр гуфт, дар пойтахти Украина беш аз 1000 нуқтаи гармидиҳиро омода мекунанд.
Ин нуқтаҳо дар сурати аз кор мондани системаи гармидиҳии марказӣ истифода хоҳанд шуд.
Низомиёни Украина гуфтанд, нерӯҳои Русия тирборони шаҳри Бахмутро дар шарқ идома медиҳанд.