Се мақоми Амрико гуфтаанд, ки Арабистони Саудӣ дар ихтиёри онҳо иттилое гузоштааст, ки нишон медиҳад, эҳтимол Эрон барои ҳамлаи ногузире ба ин шоҳигарӣ дар Ховари Миёна омодагӣ мегирад.
Нигаронӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ дар замонест, ки ҳукумати Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, Эронро барои саркӯби тазоҳургарон ва фурӯши паҳподҳо ба Русия барои истифода дар ҷанги Украина сахт танқид мекунад.
Дар баёнияи расмии Шӯрои Амнияти Миллии Амрико дар рӯзи 1-уми ноябр омадааст, ки Амрико аз ин таҳдиди эҳтимолӣ нигарон аст ва барои дифои шарикону манофеаш дар минтақа худдорӣ нахоҳад кард.
Як мақоми амрикоӣ тасдиқ кардааст, иттилооти Арабистони Саудӣ вуҷуди таҳдиди воқеии ҳамларо нишон медиҳад, ки мумкин аст, “ба зудӣ ё то 48 соат” сурат бигирад.
Ҳукумати Эрон Арабистони Саудӣ ва дигар рақибонашро ба барангехтани тазоҳуроти саросарии зиддиҳукуматӣ дар Эрон муттаҳам карда, вале далелҳои мушаххасе наовардааст.