Дар Душанбе ба шаҳрвандони Русияву Эрон визаи Амрико медиҳанд

Сафорати Амрико дар Душанбе

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр дар эъломияе гуфт, ки шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Эрон аз ин ба баъд имкон доранд, раводид ё визаи сафарро ба Иёлоти Муттаҳида аз Душанбе бигиранд.

Сафорати Амрико дар ин кишварҳо ё фаъолият надорад ва ё додани раводидро маҳдуд кардааст.

Масъулони сафорати Амрико дар Душанбе гуфтаанд, аз якуми ноябр шаҳрвандони Русияву Афғонистон ва Эрон ҳақ доранд, барои дастрас кардани визаи ғайримуҳоҷиратӣ (на визаи корӣ) дар рӯзҳои мушаххас муроҷиат кунанд.

Ин ба он маъност, ки онҳо барои саёҳат, дидорбинӣ ва ё табобат дар Амрико ҳақ доранд, аз Душанбе виза пурсанд.

Сафорати Амрико мегӯяд, фаъолияти худро дар Тоҷикистон барои пешниҳоди виза бештар кардааст. Аз ин пеш, рӯзи 7-уми октябр, сафорат хабар дод, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон визаи муҳоҷиратӣ ҳам медиҳад. Дар гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон чунин навъи визаро дар Қазоқистон дастрас мекарданд.