Як мушаки сарнагуншудаи Русия дар Молдова афтодааст

Акс аз бойгонӣ

Як мушаки Русия, ки аз тарафи нерӯҳои дифои ҳавоии Украина сарнагун карда шуд, рӯзи 31-уми октябр дар як деҳае дар шимоли Молдова афтодааст.

Вазорати корҳои дохилии Молдова дар эъломияе гуфт, тирезаҳои чанд хона дар рустои Наславча шикаст, аммо касе осеб надид. Наславча дар шимоли Молдова ва дар сарҳад бо Украина ҷойгир аст.

Масъулони вазорат гуфтанд, мақомот чанд гузаргоҳи сарҳадиро дар шимоли Молдова "ба хотири амният" муваққатан бастаанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия рӯзи 31-уми октябр ба тарафи Украина даҳҳо мушак сар дод.

Дар натиҷа, ба иттилои онҳо, иншооти энержӣ осеб дида, интиқоли барқу об дар баъзе аз минтақаҳо қатъ шуд.