CMM: 2022 соли маргбортарин барои фаластиниҳо дар соҳили ғарбӣ буд

Акс аз бойгонӣ

Фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ховари Миёна гуфт, соли 2022 хунинтарин сол барои фаластиниён дар соҳили ғарбии рӯди Урдун буд. Ӯ хоҳони иқдоми фаврӣ барои ором кардани "вазъияти тарканда" ва гуфтугӯҳо миёни фаластиниён ва Исроил шуд.

Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", Тор Веннесленд дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, "ноумедӣ, хашм ва таниши рӯ ба афзоиш" бори дигар хушунатҳоро бештар карда, пешгирӣ аз он душвор аст ва бисёре аз мардум, асосан фаластиниҳо, кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳамоҳангсози вижаи раванди сулҳи Ховари Миёна дар арзёбиаш гуфт, вазъи ҳозира натиҷаи чандин даҳа хушунат аст, ки талафотеро бар фаластиниҳо ва исроилиҳо ворид кардааст.

Тол Веннесленд афзуд, паёми ӯ ба мақомот ва гуруҳҳои фаластинӣ, мақомоти исроилӣ ва ҷомеаи байнулмилалӣ дар ҳафтаҳои ахир рӯшан будааст.

"Авлавияти фаврӣ, талош барои ором кардани вазъ ва дигар кардани равандҳои манфӣ аст. Аммо ҳадаф бояд таҳкими Ташкилоти худгардони Фаластин ва бозгашт ба як раванди сиёсӣ бошад," -- афзуд ӯ.