Як покистонии 75-сола аз зиндони Гуантанамо раҳо шуд

Сайфуллоҳ Парача

Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт, як покистонии куҳансол, ки дар зиндони Гуантанамо дар Куба нигоҳдорӣ мешуд, рӯзи 29-уми октябр раҳо шуда, ба зодгоҳаш баргаштааст.

Сайфуллоҳ Парача соли 2003 дар Тайланд ва ба иттиҳоми сармоягузорӣ ба шабакаи террористии "Ал-Қоида" дастгир шуд.

Ба зидди Парачаи 75-сола ба таври расмӣ айб эълон нашуда. Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 29-уми октябр гуфт, ӯ худро бегуноҳ мешуморад.

Раҳоии Парача баъд аз он сурат гирифт, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, соли гузашта ба раҳоии ӯ ва шаҳрванди дигари покистонӣ Абдул Раббонӣ ва зодаи Яман Абдурраҳим Усмон иҷозат дод.