Таркиш дар Сомалӣ. Камаш 100 кушта ва 300 захмӣ

Сомалӣ

Ҳасан Шайх Маҳмуд, раиси ҷумҳури Сомалӣ, гуфт, дар ду таркиш дар Могадишу, пойтахти ин кишвар, камаш 100 нафар кушта шуданд. Ҳодиса рӯзи 29-уми октябр рӯй дод.

Раиси ҷумҳури Сомалӣ рӯзи 30-юми октябр дар маҳалли рӯйдод ба хабарнигорон гуфт, наздик ба 300 нафари дигар дар бомбгузорӣ захмӣ шуданд.

Шайх Маҳмуд афзуд, наметавонанд, захмиёнро барои дармон ба берун аз кишвар баранд. Биноан, аз ҳампаймонҳои байнулмилалӣ ва мусалмони худ дар саросари ҷаҳон хост, ба Сомалӣ пизишк бифиристанд.

Гуруҳи террористии "Аш-Шабоб", ки бо "Ал-Қоида" робита дорад, масъулияти ҳамларо пазируфт.

Ҷангҷӯён иддао кардаанд, ки Вазорати маорифи Сомалиро барои гирифтани ёрӣ аз кишварҳои ғайримусалмон нишон гирифтанд.