Марям Тиллоева ва Ислом Каримови хурдӣ пас аз 13 сол вохӯрданд

Имон Каримова ва Марям Тиллоева

Наберагони Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон, Марям Тиллоева, духтари Лола Каримова-Тиллоева ва Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова дар Лондон мулоқот карданд. Барои Ислом ва Марям ин нахустин дидор баъд аз 13 сол буд.

Марям Тиллоева навори мулоқотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Корбарон дар шарҳи навори Марям Тиллоева навиштанд, ки Ислом Каримови хурдӣ тағйир ёфта, лоғар шудааст.

Марям Тиллоева аз хешовандон барои муддати дароз надоштани робита узр хостааст.