Вакили пешини порлумони Қирғизистон Оразойим Норматова дар шаҳри Маскав дастгир шудааст. Дар ин бора наздикони Норматова хабар доданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон сабаби боздошти вакили пешинро шарҳ намедиҳанд.
Оразойим Норматова мақомоти Қирғизистонро танқид мекард. Вай узви кумитаи ҳифзи Кампиробод аст. Баъзе аз аъзои ин кумитаро пештар дар Қирғизистон дастгир карда буданд. Ҳамаи онҳо ба омодагӣ ба ошӯб айбдор мешаванд.
Ба ҷуз ин, сиёсатмадори қирғиз Мамбетжунус Абилов рӯзи 27-уми октябр боздошт шудааст. Абилов узв ва созмондиҳандаи Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод аст.
Бино ба хабарҳо, фаъоли дигари қирғизистонӣ Марат Баёзов 27-уми октябр дар шаҳри Бишкек дастгир шуд.