Бино ба арзёбии тоза, теъдоди оилаҳои тоҷике, ки ба онҳо хатари гурусна мондан таҳдид мекунад, дар муқоиса ба баҳори имсол камтар шудааст, вале дар айни замон мардуми зиёде аз болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ташвиш будаанд.
Арзёбии Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри имсол маълум кардааст, ки 18 дар сади оилаҳо дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ пуле надоранд, ки амнияти ғизоии худро таъмин кунанд.
Теъдоди ингуна хонаводаҳо дар моҳи майи соли 2022 ба 21 дар сад мерасидааст.
Бо назардошти боло рафтани нархи маҳсулот, аз ҷумла орду равғану шакар, ин оилаҳо хароҷотро барои муолиҷа ва таҳсил кам кардаанд, то барои харидани маводи ғизоӣ пул дошта бошанд.
Гузориши Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ, ки ба мактабҳо ва оилаҳои фақиру муҳтоҷи тоҷик кумаки ғизоӣ мерасонад, ҳамин ҳафта нашр шуд.
Дар он ҳамчунин омадааст, 27 дарсади оилаҳои тоҷик моҳи сентябр гуфтаанд, ки даромадашон дар муқоиса ба соли гузашта камтар шудааст, ҳарчанд теъдоди ингуна оилаҳо дар моҳи май бештар ва 36 дарсад будааст.