Омодагии Украина ва Русия ба ҷанги сахте барои Херсон

Украина

Низомиёни Украина мегӯянд, Русия дар соҳили рости рӯдхонаи Днепр нерӯҳояшро басиҷ мекунад ва ба назар мерасад, ки ду тараф ба ҷанги сахте барои шаҳри Херсон дар ҷануби Украина омода мешаванд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 28-уми октябр гуфт, Маскав баъд аз талафоти зиёди сарбозонаш дар вилояти Херсон 1000 сарбози тозанафасро ба минтақа фиристодааст.

Дар баёнияи ситод омадааст, “нерӯҳои ишғолгар, ки талафоти зиёд додаанд, барои пешгирӣ аз воҳима” ба Херсон нерӯҳои иловагӣ фиристодаанд.

Украина барои бозпас гирифтани вилояти Херсон талош дорад. Маркази он, шаҳри Херсон, дар рӯзҳои аввали ҷанг ба дасти Русия гузашт, вале Киев моҳи сентябр дар ҳамлаҳои ҷавобӣ қисмате аз шаҳракҳои онро бозпас гирифт.

Мақомот дар вилояти шарқии Донетск гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Русия чаҳор ғайринизомӣ кушта шудаанд.