Шарл Мишел бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд, вале аз чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 27-уми октябр дар Остона бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот кардааст. Рӯшан нест, ки мавзӯи ҳуқуқи башар ва бавижа боздошту ҳабси хабарнигорон дар Тоҷикистон баҳс шудааст ё не.

Дар остонаи сафари Шарл Мишел ба Осиёи Марказӣ, чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз ӯ хостанд, дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои минтақа нигарониҳоро дар заминаи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон матраҳ кунад.

Ба иттилои расмӣ, ду тараф дар бораи сармоягузорӣ, ёриҳои фанниву молӣ ва таъсири буҳрони кишварҳои ҷангзада гап зада, амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва ҳифзи сарҳад бахши дигари мулоқот будааст.

Пеш аз он, Шарл Мишел бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ислоҳоти демократӣ ва таъмини ҳуқуқи эътирозгарони моҳи январро дар он кишвар баҳс кардааст.

Рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, нишасти раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо раиси Шӯрои Аврупо баргузор шуд.

Ин нишаст дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳадди ақал ду кишвари минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон – баъд аз муноқишаи пурқурбонии моҳи сентябр муносибати ҳамвору соддае надоранд.

Маълум нест, оё ин мавзуъ низ дар суҳбатҳои дипломати аврупоӣ бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон матраҳ шудааст ё не.