Сарватмандони Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳо шудаанд, мумкин аст, садҳо миллиард долларро ба хориҷ бурдаву дар офшорҳо пинҳон карда бошанд.
Дар ин бора маҷаллаи The Wall Street Journal таҳқиқоте нашр кардааст.
Миёни онҳое, ки ба офшорҳо маблағ интиқол додаанд - Алишер Усмонов, сарватманди узбектабори Русия, Сергей Чемезов, роҳбари "Ростех", Андрей Скоч, вакили Думаи давлатии Русия ва сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ҳам ҳастанд.
Рӯзноманигорон ошкор кардаанд, ширкати Bridgewaters, ки дар ҷазираи Мэн - наздикии Бритониё қарор дорад, ба сарватмандони Русия мадад кардааст, то дороӣ ва сармояашонро пинҳон кунанд ва ба ин тартиб, тарҳримҳои Ғарб ва ИМА-ро давр зананд.
Намояндаи Усмонов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, сарватманд ҳаргиз талоши пинҳонсозии сарватҳояшро накарда ва бо Кремл низ рабте надорад.