Латукӯби хабарнигори SuperTV дар Бишкек

Бактурсун Жоробеков

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон афроди номаълум хабарнигори телевизиони SuperTV Бактурсун Жоробековро латукӯб карданд.

Жоробеков мегӯяд, ҳамла ба вай замоне рух дод, ки аз дорухона берун шудааст. Афроди ношиносе ба вай наздик шуда, ба рӯ ва сараш задаанд. Жоробеков ин ҳамларо ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад.

"Яке аз онҳо гуфт: Ин рӯзноманигори SuperTV аст, маро ба навор гирифтааст". Намедонам, ки кай аз ҳуш рафтаам, вақте ба хона омадам соат 04:30 дақиқа буд", - нақл кард хабарнигор.

Вай ба пулис шикоят бурдааст.