Низомиёни Украина гуфтанд, ба Киев ва Запорожйе ҳамла шуд

Киев

Мақомоту низомиёни Украина мегӯянд, нерӯҳои Русия рӯзи 27-уми октябр дигарбора ба шаҳрҳои Киев ва Запорожйе ҳамла кардаанд. Дар тарафи дигар сарбозони украинӣ дар ду шаҳраки Донбас ҳамлаи сарбозони русро рафъ кардаанд.

Олексий Кулеба, раиси вилояти Киев, дар Телеграм навишт: “Русҳо шабона шаҳри Киевро ба ваҳшат андохтаанд.”

Ӯ афзуд, маъмурони наҷот ба ҷойҳои осебдида сафарбар шудаанд, вале макони онро фош накард.

Александр Старух, яке аз фармондеҳони вилояти Запорожйе хабар додааст, ки нерӯҳои Русия бо истифода аз ракетаҳои “Смерч” ба канораҳои шаҳри Запорожйе зарба задаанд, вале касе дар ин ҳамлаҳо талаф наёфтааст.

Дар вилояти Донбас дар шаҳракҳои Авдеевка ва Бахмут набардҳои сахте байни ду тараф идома дорад ва раиси ҷумҳур Владимир Зеленский гуфт, сарбозони кишвараш ҳамлаҳои неруҳои Русияро баргардондаанд. Айни замон ӯ афзуд, ки фармондеҳони Русия барои гирифтани ҳарду шаҳр “девонавор” амал мекунанд.