Сафири нави Русия дар Тоҷикистон эътимодномаашро супурд

Сафорати Русия дар Душанбе

Сафири нави Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев, нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ супурдааст. Маросим 25-уми октябр гузашт.

Ба иттилои расмӣ, Имомӣ ва Григорев вазъи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русияро баррасӣ кардаанд. Ин ду кишвар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд.

Семён Григорев дар ин мақом Игор Лякин-Фроловро иваз кард, ки давоми нуҳ соли гузашта раҳбари намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе буд.

Григорев 62-сола ва дипломати бособиқа аст. Ӯ хатмкарди Донишгоҳи давлатии Маскав оид ба равобити байнулмилалӣ буда, забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, пашту ва дариро медонад.

Дар гузашта дар Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2000-2001 мушовири сиёсии ҳайати САҲА дар Тоҷикистон буд. Баъди ин дар умури кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ва Афғонистон кор карда, муддате сафири Русия дар Абхозистон буд.