Арзиши иҷораи хонаҳо дар шаҳри Тошканд 50% боло рафтааст

Акс аз бойгонӣ

Маркази пажуҳиши иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон хабар дод, ки арзиши иҷораи хонаҳо дар шаҳри Тошканд аз ибтидои сол 22,4 дарсад боло рафтааст.

Ба бовари коршиносони Марказ, болоравии нархи иҷора дар пайи якбора боло рафтани талабот дар моҳи сентябр сар задааст.

Бино ба хабари Марказ, дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд қимати иҷораи манзилҳо 49 дарсад, дар ноҳияи Яшнобод 44 дарсад, дар ноҳияи Сергелий 34 ва дар ноҳияи Шайхонтоҳур 33 дарсад боло рафтааст.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, русиягиҳое, ки аз сафарбарии низомӣ фирор кардаанд, боиси болоравии арзиши манзилҳои иҷора дар шаҳри Тошканд шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар моҳи сентябри имсол беш аз 78 ҳазор сайёҳи русиягӣ вориди Узбекистон шудааст, ки нисбати моҳи апрели имсол 2,7 баробар бештар аст.