Мудири аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Душанбе меояд

Ҳанс Клюге

Ҳанс Клюге, мудири дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ният дорад, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон биравад. Ӯ рӯзи 24-уми октябр дар нишасте гуфт, Тоҷикистон имсол тавонистааст, “муваффақона” бурузи вируси фалаҷи атфолро “хомӯш кунад”.

Ба гуфтаи Клюге, вируси хатарнок тавассути Афғонистону Покистон ба Тоҷикистон роҳ ёфт, вале то замони пурра решакан шудани полиомиелит ҳар давлат таҳти хатари дубора олуда шудан ба ин вирус хоҳад монд.

“Вокуниши Тоҷикистон ба бурузи полиомиелит иродаи қавии ҳукуматро ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ба намоиш гузошт. Ман ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон мешавам. Онҷо ҳоло ҳукумат тамоми талошашро барои бо ваксинаи пневмокок таъмин кардани кӯдакон ба харҷ додааст,” – илова кард ӯ.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, баъд аз 20 соли дар қаламрави Аврупову Осиёи Марказӣ то 99% решакан шудани полиомилет - бо сабаби танаффус ё таъхир дар таъмини ваксина мавридҳои гирифторӣ ба фалаҷи атфол дубора сабт шуд. Мутахассисони тиб мегӯянд, ваксинаи саривақтӣ барои пешгирӣ аз беморӣ бисёр муҳим аст.

Полиомиелит ё фалаҷи атфол бемории хатарноке аст, ки дар сурати эм нашудан кӯдакони то 5-сола метавонанд, инсонро дучори фалаҷи асаб ва пою даст гардонад.

Пизишкон тақозо мекунанд, ки волидон фарзандони худро ҳатман бо ваксинаҳои зидди беморӣ таъмин кунанд ва агар ҳам ёд надоранд, ки чунин ваксина гирифтаанд ё на, метавонанд, дубора ба табибон муроҷиат кунанд.