Дар Қирғизистон дастрасӣ ба интернет мушкил шуд

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон мушкили дастрасӣ ба интернетро шарҳ дод. Дар он кишвар дастрасӣ ба интернет субҳи 24-уми октябр мушкил шуд.

Ба иттилои вазорат, "дар яке аз хатҳои асосии интернет садама рух дод ва ба ин далел мушкил сар зад".

"Алоқаи интернетӣ ба зудӣ барқарор мешавад. Ба илова, барои таъмини интернет хатҳои эҳтиётӣ ба кор андохта мешаванд", - иттилоъ доданд аз вазорати рушди рақамии Қирғизистон.

Пештар аз ин ширкати таъминкунандаи интернет дар Қирғизистон "MegaCom" аз "садамаи ҷиддӣ"-е хабар дод, ки қисме аз муштариҳоро бе интернет гузоштааст.